Ссылки доступа

Дар Қирғизистон кормандони мақомоти иҷроияро ихтисор мекунанд

Дар Қирғизистон барои гузаронидани ислоҳот дар низоми мақомоти иҷроия комисияи байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Дар ин бора муовини раҳбари шуъбаи робита бо ҷомеа ва расонаҳои дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон Чингиз Эсенгулов иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, комисия давоми як моҳи оянда шумори лозимии кормандони ниҳодҳои иҷроия ва нақшаи идораи онҳоро таҳия карда, ҳамроҳ бо пешниҳодҳои худ ироа хоҳад кард.

Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки шумори кормандони мақомоти иҷроияро коҳиш диҳад. То охири кори комисия дар мақомоти иҷроия касеро ба кор нахоҳанд гирифт.

Ин ислоҳот дар доираи барномаи нави ҳукумати Қирғизистон гузаронида хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG