Ссылки доступа

Додгоҳи олии Москва қарори ихроҷи Алӣ Фирӯзро аз Русия бекор кард

Додгоҳи олии шаҳри Москва шикояти рӯзноманигори нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯзро қисман қонеъ карда, қарори ихроҷи ӯро аз Русия бекор кард.

Парвандаи Фирӯз барои бозбинӣ ба додгоҳи шаҳрии Москва дубора ирсол шудааст, ки пештар қарори ихроҷи ӯро содир карда буд. Ба гуфтаи масъулони Додгоҳи олӣ, ҳангоми баррасии парванда ба далелҳои рӯзноманигор баҳои ҳуқуқии лозимӣ дода нашудааст.

Ба додгоҳи шаҳрии Москва ҳамчунин тавсия шудааст, ки номаи сафорати Олмонро аз 4 августи соли 2017 ба инобат бигирад. Сафорат аз мақомоти Москва хоста буд, ба рӯзноманигор иҷозат бидиҳанд, то Русияро ба қасди Олмон тарк кунад.

Додгоҳи олии Москва бо истинод ба ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо дар бораи манъи ихроҷи Алӣ Фирӯз аз Русия қарори нигаҳдории ӯро дар боздоштгоҳи муваққати шаҳрвандони хориҷӣ бекор карда, онро "маҳдудияти беасоси озодии рӯзноманигор" номидааст.

Номи аслии Алӣ Фирӯз Худобердӣ Норматов аст. Ӯ тайи чанд соли ахир кӯшиш кард, ки ҳаққи паноҳандагии Русияро дарёфт кунад. Вазорати корҳои дохилии Русия дар шарҳи радди дархости Фирӯз гуфт, рӯзноманигор натавонист исбот кунад, ки дар сурати истирдодаш ба ватан - Ӯзбекистон ҷони ӯ дар хатар аст.

Ин рӯзноманигори ӯзбек 1 август дар шаҳри Москва боздошт шуд. Ӯро дар нақзи қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор мекунанд. Додгоҳи Москва қарори ихроҷи ӯро аз Русия содир кард. Вале Фирӯз аз болои ин ҳукм ба Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо шикоят бурд.

Кто такой журналист Али Феруз, и почему его хотят депортировать из России в Узбекистан?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:53 0:00

XS
SM
MD
LG