Ссылки доступа

Тоҷикони Ӯзбекистон аз эҳтимоли басташавии мактабҳояшон нигаронанд


Тоҷикони панҷ деҳа дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканди Ӯзбекистон бо нашри номае хостори расидагӣ ба мушкили мактабҳои тоҷикӣ ва камбуди омӯзгорон шуданд. Онҳо гуфтаанд, ки аз эҳтимоли баста шудани мактабҳои тоҷикӣ ва аз таълим дур мондани фарзандони худ нигарон ҳастанд.

Номаи беш аз 100 сокини рустоҳои Пском, Чакак, Полвонак, Испай ва Нанайи ноҳияи Бӯстонлиқ дар рӯзномаи "Овози тоҷик" нашр шуд, ки дар Ӯзбекистон чоп мешавад. Аҳолии тоҷикнишини ин рустоҳо мегӯянд, камбуди омӯзгорони тоҷикзабон фаъолияти баъзе аз мактабҳои тоҷикиро дар ин минтақа душвор кардааст.

Ин аввалин дархости ошкорои тоҷикони Ӯзбекистон дар 25 соли ахир аз ҳукумати ин кишвар аст, ки хостори беҳбуди сифати таълим ба забони модарии худ шудаанд. Дар даврони раҳбарии Ислом Каримов шумораи мактабҳои миёна ба забони тоҷикӣ шадидан коҳиш ёфт ва дар мактабҳои олии ин кишвар шумори факултаҳое, ки ба забони тоҷикӣ дарс медоданд, хеле маҳдуд шуд.

Барои фарзандони тоҷикони Ӯзбекистон дар ин кишвар мактабҳои тоҷикӣ фаъолият мекунад, ки солҳои ахир бо мушкили норасоии омӯзгорон рӯ ба рӯ ҳастанд. "Агар мушкили тарбияи кадрҳо барои мактабҳои тоҷикӣ баррасӣ нашавад, эҳтимоли аз байн рафтани ин мактабҳо вуҷуд дорад", - гуфта шудааст дар нома.

Вале аксари тоҷикон аз ошкоро матраҳ кардани ин масоил худдорӣ мекарданд ва тарҷеҳ медоданд, ки фарзандонашон на дар риштаҳои тоҷикӣ, балки узбекӣ ё русӣ таҳсил кунанд. Сокинони ноҳияи Бӯстонлиқ дар номаи худ гуфтаанд, ки дар амри ҳал шудани мушкили мактабҳои тоҷикӣ ба сафари президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар баҳори имсол ва мулоқоти ӯ бо президент Эмомалӣ Раҳмон умеди зиёд доранд.

Омӯзгорони тоҷик дар минтақаҳои Ӯзбекистон мегӯянд, ки аз як тараф норасоии кадр ва аз тарафи дигар аз таълим қафо мондани наврасон онҳоро ба мактабҳои дигар мебарад. Дилдора Абдуллоева, як омӯзгори мактаби тоҷикӣ дар Ӯзбекистон, гуфт, муроҷиати ахир бонги хатари онҳост ва ба раҳбарони Ӯзбекистону Тоҷикистон равона шудааст.

XS
SM
MD
LG