Дар ин ҷаласа раиси вилоят бо дашному носазогӯӣ ба ҳозирин гуфт, ки аз 52 мусофири дар оташсӯзии автобус қурбоншуда 16 танашон аз ноҳияи Тошлак буданд.
Ғаниев гуфт, ки мақомот ва сокинони ноҳия натавонистанд ҷавононро дар Ӯзбекистон нигаҳ доранд ва бо ин корашон "вилоятро беобрӯ карданд". Вай инчунин афзуд, ҳамчун ҷазо сокинони ноҳияро аз сафари ҳаҷ маҳрум хоҳад кард.
"Чанд ҳаромзодае аз ноҳияи Тошлак ҳаст! Ҳаромзодаро бояд ҳаромзода гуфт! Ҳеч кас аз Тошлак ба ҳаҷ намеравад! Ҳеч кас! Ҳамаро маҳрум мекунам! Чӣ гуна мумкин аст, ки ҷавонони беҳамсарро ба Русия фиристед? Волидонашон куҷо буданд? Волидон магар нобино буданд? Бигзор фардо аз болои ман шикоят баранд, агар бихоҳанд. Дар тамоми ҷумҳурӣ вилоятро беобрӯ кардед!", - таҳдид кард вай.
Ғаниев ҳамчунин дастур дод, ки мақомоти ноҳия истигоҳҳои автобусҳо ва таксиҳоро бигарданд ва ҷавононеро, ки азми муҳоҷирати Русия доранд, аз роҳ бигардонанд.
Як автобуси ҳомили муҳоҷирони Ӯзбекистон 18 январ дар ҳудуди Қазоқистон оташ гирифт. Дар ин оташсӯзӣ 52 муҳоири ӯзбек ҷон бохтанд.