Ссылки доступа

Ёвари пешини Абдуллоҳи Нурӣ ғоибона 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд


Додгоҳи вилояти Хатлон Шамсиддин Саидов, яке аз собиқадорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва ёвари пешини Саид Абдуллоҳи Нуриро ғоибона 15 сол зиндонӣ кард.

Сайфиддин Пирмуҳаммадзода, як масъули Додгоҳи вилояти Хатлон 24 январ гуфт, гуноҳи ин узви ҲНИТ бар пояи чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ пурра исбот карда шуд.

"Тамоми далелҳое, ки ӯ дар ҷиноятҳои террористӣ даст дорад, баррасӣ шуданд. Нӯҳ шоҳид пурсида шуд. Аксҳои ӯ ҳамроҳ бо Муҳиддин Кабирӣ низ дар парванда ҳаст”, - афзуд ӯ.

То ба ҳол худи Шамсиддин Саидови 53-сола ба ин ҳукми ғоибонаи додгоҳ вокуниш накардааст. Ӯ чанд сол аст, дар хориҷ аз Тоҷикистон, аз ҷумла дар Туркия ва кишварҳои аврупоӣ, қарор дорад.

Дар Википедияи тоҷикӣ гуфта шудааст, Саидов солҳои 80-ум, баъд аз адои хидмати ҳарбӣ дар Қазоқистон, ба сафи ҲНИТ пайваст, ки он замон пинҳонӣ фаъолият мекард. Бино ба маълумоти ин торнамо, ӯ “соли 1986 барои иштирок дар як тазоҳуроти зиддидавлатӣ маҳкум ва барои адои ҷазо ба Сибир фиристода шуд”.

Ин масъули ҲНИТ соли 1992 ба Афғонистон рафта, дар онҷо ба ҳайси “намояндаи хоси Саид Абдуллоҳи Нурӣ” фаъолият кардааст. Баъди имзои созишномаи сулҳ дар ҳайати Комисияи оштии миллӣ буд ва аз соли 2000 то 2010 масъулияти равобити хориҷии ҳизбро ба зимма дошт.

XS
SM
MD
LG