Трамп пеш аз сафар ба Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Швейтсария ба рӯзноманигорон гуфт, ки ҳатто омодааст, бо ёд кардани савганд дар ин бобат баёнот диҳад. Вале пешакӣ бо вакилони дифои худ машварат хоҳад кард. Ӯ бори дигар таъкид намуд, ки бо ҳеч ҷониб созише надошт ва ба раванди тафтишот ҳам монеа эҷод накардааст.
Ба гуфтаи атрофиёни Мюллер, додситон мехоҳад, бо Трамп роҷеъ ба барканории раҳбари Бюрои федеролии тафтишот Ҷеймс Комӣ ва мушовири амниятӣ Майкл Флинн суҳбате дошта бошад.
Мюллер вазифадор аст, муайян кунанд, ки оё Трамп қатъи санҷиши тамосҳои Флиннро бо сафири Русия аз Комӣ талаб кардааст, ё не. Зеро ба гуфтаи Комӣ, гӯиё Трамп аз ӯ ин дархостро карда буд ва баъдан вайро, ки ҳамчун раҳбари Бюрои федеролии тафтишот парвандаи дахолати эҳтимолии Русияро мепажӯҳид, аз ин мақом барканор кард.
Трамп чанд моҳ пештар гуфт, 100% омодааст, бо тими Мюллер суҳбат кунад, вале баъдан изҳор дошт, ки "миёни тими ӯ ва намояндагони рус ҳеч созише набуд" ва суҳбат дар ин бобатро ҳам зарур намедонад. Москва хабарҳои дахолаташ ба умури дохилии ИМА-ро борҳо рад кардааст.
Пештар хабар доданд, ки дар доираи санҷиши парвандаи дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии Амрико намояндагони баландпояи мақомоти махсуси ИМА, аз ҷумла раҳбари Идораи марказии иктишофӣ Майк Помпео ва додситони кул Ҷефф Сешнс бозпурсӣ шудаанд. Ба иттиоли расонаҳо, Мюллер тасмим дорад, то охири январ бо мушовири пешини Трамп - Стив Бэннон ҳам суҳбат кунад.