Ҷасади беҷони Абдуллоро як километр поёнтар аз ҷое пайдо карданд, ки ӯ ғарқ шуда буд.
Шоҳидон мегӯянд, 21 январ Абдулло ва ҳамсинфаш Шоҳҷаҳон Рӯзибоев аз мактаб ба хона бармегаштанд. Замоне ки Шоҳҷаҳон ба об афтод, Абдулло талош кард, дӯсташро наҷот диҳад, вале ғарқ шуд.
Навори кофтукоби ҷасади Абдулло дар интернет нашр шуд.
Вай дар мактаби №134-и ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканди Ӯзбекистон таҳсил мекард.
Сокинон мегӯянд, канале, ки аз назди биноҳои баландошёна убур мекунад, девор надорад ва аз ин рӯ барои кӯдакон хатар эҷод мекунад.