Ҳотам Отабоев, пизишк ва Меҳрӣ Юсуфова, дастёри озмоишгоҳи Маркази мубориза бо бемории сили вилояти Суғд дар "иҷрои нодурусти вазифаи касбиашон” айбдор шуданд. Ин ду пизишк ҳамчунин баъд аз адои ҷазо як соли дигар аз ҳаққи ишғоли мансаб маҳрум гаштанд.
Саодат Саломова, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва духтари ҳунарманди шинохта Сайрам Исоева моҳи апрели соли 2017, тақрибан баъд аз ду моҳи табобат дар хонаву бемористон, дар 50-солагӣ аз хунравии мағзи сар даргузашт. Пайвандони Саломова мегӯянд, табибон барои таъйини бемории духтарашон аз аввал ба иштибоҳ роҳ додаанд.
Ба қавли онҳо, дар аввал Саодат Саломоваро гирифтори бемориҳои “сили иртишоҳи шуш, МБС+, туберкулёмаи мағзи сар” эълон карда ва аз рӯи ҳамин беморӣ табобат намудаанд. Баъдтар дар пайи озмоиши биологӣ ошкор шудааст, ки балғами пештар ташхисшуда на ба Саломова, балки ба каси дигар тааллуқ доштааст.