Ссылки доступа

Аз автобуси вайроншуда дар Қазоқистон 21 шаҳрванди Қирғизистонро наҷот доданд


Дар шоҳроҳи Екатеринбург-Алмато як автобуси байнишаҳрӣ, ки дар масири Ҷалолобод-Перм-Москва ҳаракат мекард, аз кор баромад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Ба иттилои нашрияҳо, мақомоти маҳаллӣ ва кормандони ҳолатҳои фавқулодда мусофиронро ба ҷои амн интиқол доданд.

"Ҳамаи мусофирон шаҳрвандони Қирғизистон ҳастанд. Касе қурбон нашудааст", - хабар медиҳад сухангӯи вилояти Акмолин Нурбек Мусин. Мусофирон бо гармӣ ва ёрии тиббӣ таъмин шудаанд.

Дар вилояти Акмолин дар ин рӯзҳо дамои ҳаво то ба 30-32 дараҷа сардӣ мерасад.

XS
SM
MD
LG