Ба гуфтаи ӯзбекистониҳое, ки 24 январ аз марз гузаштаанд, се рӯз аст, дар гузаргоҳи "Гишт-Куприк –Жибек Жолӣ"-и Ӯзбекистон бо Қазоқистон дубора навбатпоиҳои тӯлонӣ мушоҳида мешавад.
"Садҳо одам маҷбуранд, барои гузаштан аз марз соатҳо навбат бипоянд. Навбатпоиҳои тӯлонӣ барои он дубора ба миён омадаанд, ки марзбонони қазоқ бисёр суст кор мекунанд. Худи ман барои гузаштан аз марз беш аз як соат навбат истодам", - гуфт як ҳамсуҳбати мо.
Пештар хабар доданд, ки бештари ӯзбекистониҳо барои харидани молу маҳсулоти 30-40% арзон ба бозорҳои Қазоқистон мераванд.
Ин вазъ дар гузаргоҳи марзии "Дустлик"-и Ӯзбекистон бо Қирғизистон низ ба миён омадааст. Сокинон 24 январ гуфтанд, дар ин гузаргоҳ низ навбатпоиҳои тӯлонӣ мушоҳида мешавад.
"Одамоне, ки соати 2:30-и шаб ба гузаргоҳ омадаанд, наметавонанд ҳатто соати 17:00 вориди Қирғизистон шаванд. Сарбозон марзро бастаанду садҳо одам дар ҳавои сард рост истодаанд. Оё президенти мо аз ин хабар дошта бошад? Раҳбарияти давлат дар бораи беҳбуди зиндагии сокинон суҳбат мекунад, вале марзбонон сокинонро ҳанӯз таҳқир мекунанд. Касе бошад, ки зидди инҳо чора андешад?", - навиштааст як ӯзбекистонӣ.
Ёдрас мешавем, гузаргоҳи марзии Ӯзбекистону Қирғизистон - "Дустлик" ибтидои моҳи сентябри соли гузашта дубора боз шуд. Он замон гуфтанд, ки сокинони ду кишвар минбаъд метавонанд бидуни пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагӣ аз марз гузаранд.