Ссылки доступа

Трамп нақшаи ислоҳи низоми муҳоҷиратро пешниҳод кард

Президенти ИМА Доналд Трамп 25 январ нақшаи қонунигардонии 1,8 миллион муҳоҷири ғайриқонуниро пешниҳод кард, ки дар айёми кӯдакӣ ҳамроҳи волидон ба Амрико рафтаанд. Онҳо дар сурати надоштани доғи судӣ ва расидан ба синнӣ 10-12 метавонанд, барои дарёфти шаҳрвандии Амрико муроҷиат кунанд.

Яке аз бандҳои нақшаи Трамп пурзӯр кардани назорат дар марз бо Мексика ва коҳиши шумори умумии муҳоҷироне аст, ки ба ИМА меоянд.

Кохи сафед умедвор аст, Сенати Амрико ибтидои моҳи феврали соли равон лоиҳаи қонунро дар ин бобат дар қироати нахустин қабул мекунад. Лоиҳаи мазкур ҷудо кардани 25 миллиард доллар барои бунёди девор дар марз бо Мексика ва тақвияти назорат дар гузаргоҳҳои марзиро бо Канада пешбинӣ мекунад.

Президенти пешини ИМА Барак Обама фармонеро имзо карда буд, ки ихроҷи ҳудуди 700 ҳазори ин навъи муҳоҷири ғайриқонуниро манъ мекунад. Вале муҳлати он моҳи марти соли равон ба поён хоҳад расид. Ба ҳисоби маъмурияти кунунии ИМА, тақрибан ҳамин қадар муҳоҷирони дигар бар асоси фармони Обама ба қайд гирифта нашудаанд. Нақшаи Трамп ба ин муҳоҷирон ҳам дахл хоҳад дошт.

Раҳбари ҷиноҳи аксарияти ҷумҳурихоҳон дар Сенат Митч Макконел мегӯяд, ташаббуси Трамп ба ҳалли мушкили муҳоҷират бояд мусоидат кунад. Вале қонунгузорҳои демократ пешниҳоди Трампро сахт интиқод карда, онро талоши аз ҳам ҷудо кардани хонаводаи муҳоҷирон ва бунёди деворҳои марзиро "партофтани пул ба ҳаво" меноманд.

XS
SM
MD
LG