Ссылки доступа

Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Навбати дарози муҳоҷирон барои ҳуҷҷати ронандагӣ. Яке аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия рӯзи 28-уми январ видеои издиҳоми калони муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро ба мо фиристод, ки дар назди идораи бозрасии давлатии автомобилӣ дар Санкт Петербург мунтазиранд. Дар Русия муҳоҷирон ҳақ надоранд бо санади кишвари худ ба таксиронӣ ва дигар корҳо машғул шаванд (видео)

- Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки аз 25-уми май то 25-уми июли имсол аз сафар ба 11 шаҳру вилояти Русия муваққатан худдорӣ кунанд. Ё агар кори муҳиме доранд, масъалаи сабтином ё ба қайдгузории худро аз қабл тарҳрезӣ намоянд (видео)

- Шарҳи додситони Суғд дар бораи марги 4 нафар. Додситонии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ташхиси тиббиву додгоҳӣ маълум кардааст, ки чаҳор нафар дар микрорайони 19-и шаҳри Хуҷанд бар асари заҳролудшавӣ аз "нитрити натрий" ҷон бохта, 5 нафари дигар дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Додситон рӯзи ҷумъа, 26-уми январ дар нишасти хабарӣ сӯҳбат кард (видео)

- Мурғобии пекинӣ – рақиби сихкабоби тоҷикӣ? Ҳамроҳ бо сармояҳои ҳангуфт ва молу маҳсулоти худ, Чин фарҳанги ғании ғизоҳои худро ҳам вориди Душанбе мекунад. Бо ҳузури бештари шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон ҳавасмандӣ ба ғизои солим ва сабуку камравғани ошхонаҳои чинӣ ҳам бештар мешавад (видео)

- Сафири Украина сиҳату саломат дар Душанбе буда, ӯро касе накуштааст. Сафири Украина Виктор Никитюк мегӯяд, сиҳату саломат дар Душанбе буда, ӯро касе накуштааст. Хабаругзории "Россия-24"-и Русия хабар дода буд, ки аснои ҳамлаи Толибон ба меҳмонсаройи Кобул сафири украинӣ ба қатл расид (видео)

- Ҳамла ба Академияи ба номи Маршал Фаҳим дар Кобул. Шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон субҳи душанбеи 29-уми январ бори дигар шоҳиди ҳамлаи хунин шуд. (видео)

- Ҳамла ба як қисми низомӣ дар Кобул. Мақомоти афғон мегӯянд, ки ҳамлаи интиҳории рӯзи душанбеи 29-уми январ ба яке аз қисмҳои низомии фирқаи 111-и Кобул бо кушта шудани чаҳор ҳамлавар ва панҷ сарбози артиши миллии Афғонистон поён ёфтааст. (видео)

- «Маҷбурем, зери се болопӯш хоб равем». Вазъи бишкекиҳо баъди садама дар маркази гармидиҳӣ. (видео аз Директ)​

- Навалнийро дар "Эътирози интихобкунандаҳо" дар Москва боздошт карданд (видео аз Директ)​

- "Эътирози интихобкунандаҳо": Екатеринбург. Таҷаммуи ҷонибдорони Навалнийро шаҳрдори Екатеринбург Евгений Ройзман ҷонибдорӣ кард. (видео аз Директ)​

- Боздошти ҷонибдорони Навалний дар Томск (видео аз Директ)​

- "Эътирози интихобкунандагон" дар Русия. 28 январ дар даҳҳои шаҳри Русия зери унвони "эътирози интихобкунандагон" тазоҳурот карданд. (нигористон)

- Аз парваришгоҳ ба кӯча: дар Тоҷикистон давлат ба ятимон на кор медиҳаду на сарпаноҳ. (видео аз Директ)​

- Сармои сахт дар Қирғизистон сокинонро маҷбур сохт, ба ҳамдигар кумак кунанд. (видеои Настоящее время)

- Таҳримҳои ИМА ба ширкатҳои Русия чӣ таъсир мерасонанд (видеои Настоящее время)​

- Шаҳват, дурӯғ ва расонаҳо: 20 сол пеш ҷанҷоли Моника Левински рӯ зада буд (видеои Настоящее время)

- Фаъолон дар назди сафорати Русия дар Киев озодии қримиҳоро талаб доранд. (нигористон)

- Чи гуна расонаҳо ва мақомоти Русия аз Давос даст кашиданд. (видео аз Директ)

- Милош Земан як даври дигар президент шуд. Президенти Чехия Милош Земан барои давраи дувум интихоб шуд (видео аз Директ)​

- Ин меъёри пасти рӯзноманигорист – Николай Точитский сюжаи Euronews. Раҳбари намояндагии Украина дар Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, сюжаи телевизиони Euronews дар бораи кӯдакони қримие, ки умури низомиро меомӯзанд, ӯро нигарон кардааст. (видео аз Директ)

- "Ман 5,5 сол доштам, ки ба бом баромадем ва вақте фаромадем, 7-сола будам". Саргузашти кӯдаке, ки Ҳолокостро пушти сар кардааст. (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG