Ссылки доступа

Эрдуғон: Туркия марзашро бо Сурия аз террористон пок мекунад

Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия хабар дод, ки кишвараш тамоми марзро бо Сурия аз "террористон" пок мекунад. Ин дар ҳолест, ки амалиёти низомии Туркия дар вилояти Африн, дар шимоли Сурия ду ҳафта инҷониб идома дорад.

Эрдуғон дар анҷумани ҳизби ҳокими Туркия гуфт, кишвараш назорат мекунад, то паноҳҷӯёни сурӣ, ки дар Туркия ҳастанд, баъди пок шудани марз аз ҷангҷӯён, ба хонаҳояшон баргарданд.

Эрдуғон афзуд, артиши Туркия ва ҳампаймонони суриашон баландиҳои стратегиро ишғол кардаанд.

Пулиси курд ва Маркази сурии назорати ҳуқуқи инсон аз ҷангҳои пурдаҳшати теппаҳои Бурс хабар доданд. Ин теппаҳо нимҷазираи курднишини Афринро аз шаҳри Азаз ҷудо мекунанд. Шаҳри Азаз аз сӯи Туркия идора мешавад.

Туркия асосан дар минтақаи Африн, ки аз сӯи ҷангҷӯёни курдӣ ишғол шудааст, меҷангад. Ҷангҷӯёни курдро ИМА ҷонибдорӣ мекунад. Мақомоти Туркия мусаллаҳони курдро террорист меноманд.

XS
SM
MD
LG