Новобаста ба ҳавои сарду бориши барф, гурӯҳе аз сокинон бо изҳори ҳамдардӣ ба мардуми Афғонистон ва хонаводаҳои қурбониёни фоҷеаи рӯзи 27-уми январ барои гулгузорӣ назди сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон омаданд. Онҳо аз ҳамлаҳои пайиҳами як ҳафтаи ахир ёдрас шуда, аз он нигаронӣ карданд, ки ноамнии тайи 35 соли ахир дар ин кишвар хатм намешавад.
Бар асари ҳамла рӯзи 27-уми январ дар Кобул 103 нафар кушта ва 235 нафари дигар, аз ҷумла 23 пулис ҷароҳат бардоштанд. Толибон масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтанд. Ин хабар бисёре аз сокинони Тоҷикистонро ҳам таконзада кард. Дар шабакаҳои иҷтимоии интернет садҳо нафар аз тоҷикон ҳамдардии амиқи худро ба мардуми афғон иброз карданд.
Тасаллият ва гулгузории гурӯҳе аз сокинони Тоҷикистон ҳам дар назди сафорати Афғонистон дар ҳоле сурат мегирифт, ки расонаҳо рӯзи душанбеи 29-уми январ аз як ҳамлаи дигар дар Кобул хабар доданд, ки дар пайи он 10 нафар кушта шуд.
Ҳамлаварон ин бор ба як қисми ҳарбӣ дар наздикиҳои Академияи низомии ба номи Маршал Муҳаммадқосим Фаҳимро ҳадаф қарор додаанд. Ин севумин ҳамлаи хунин давоми даҳ рӯзи охир дар пойтахти Афғонистон мебошад.