Ссылки доступа

Гурҷистон аз Русия дигар газ хариданӣ нест


Гурҷистон тасмим дорад, аз имсол дигар аз Русия газ нахарад. Зеро, ба гуфтаи муовини вазири иқтисоди ин кишвар Георгий Чикованӣ, Озарбойҷон метавонад тамоми талаботи онҳоро ба ин навъи сӯзишворӣ таъмин кунад.

Мухолифони Гурҷистон пештар гуфтанд, ки ҳукумат баъди созиш бо Москва дар робита ба "нақдина" гардонидани ҳаққи транзити сӯзишворӣ ба Арманистон наметавонад, аз ширкати "Газпром" гази табиӣ харад. Вале мансабдорони гурҷӣ ин иддаоро рад карданд.

"Набояд гуфт, ки мо барои харидории гази русӣ пул надорем. Дар ҳоли ҳозир, Гурҷистон ба гази Русия ниёз надорад, зеро гази Озарбойҷон барои мо кифоя аст", - афзудааст Чикованӣ.

Соли гузашта тибқи қарордоди "Газпром" бо ҳукумати Гурҷистон, ҳаққи транзити газ ба Арманистон қисман бо пул ва қисман бо маводи хом пардохт шуд. Соли равон он бояд пурра бо пул пардохт шавад.

XS
SM
MD
LG