Ссылки доступа

Ятими тоҷик кай соҳиби манзил мешавад? (гулчин)

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 29-уми январи 2018 (HD)

- Ятими тоҷик кай соҳиби манзил мешавад? Соли 2010-ум як дастпарвари интернати атфоли бепарастор аз Президенти Тоҷикистон хоҳиш кард, ки ба ӯ манзил диҳанд. Шамсиддин Мирзоев мегӯяд. ҳанӯз ҳам интизор аст, ки кай соҳиби манзил сабти макони зист ва бар пояи он соҳиби шуғле хоҳад шуд. (видео)

- "Барои чӣ ба 27 даромадӣ шавҳар накардӣ?" Калимаи тавҳиномези “пирдухтар”, бисёре аз волидон ва худи духтаронро маҷбур мекунад, ки бо назардошти афкори атрофиён, зудтар ба ҷустӯҷуи ҷуфти оянда шурӯъ кунанд (видео)

- "Агар шавҳарам зӯроварӣ кунад, ба милиса месупорам". Бархе аз занони тоҷик аз вуҷуди хушунат ё зӯроварӣ дар хонаҳои худ нақл карданд. Бархе аз онҳо гуфтанд, дар пайи хушунати шавҳар аз онҳо талоқ гирифтаанд. Баъзеи дигар гуфтанд, ки иҷоза нахоҳанд дод, то касе ба онҳо ҷабр кунад (видео)

- Мушкилиҳои барфи деринтизор дар Кӯлоб. Баъд аз гармои ғайримаъмулӣ дар фасли зимистон, билохира, сокинони шаҳри Кӯлоб эҳсос карданд, ки фасли сармо фаро расид. Аз рӯзи 28-уми январ дар минтақаи Кӯлоб беист барф меборад (видео)

- Ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои Кобул дар Душанбе. Субҳи рӯзи 29-уми январ бархе аз сокинони шаҳри Душанбе дар назди бинои сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ҷамъ омада, хотираи қурбониёни ҳамлаҳои хунини ахир дар Кобулро гиромӣ доштанд (видео)

- Сӯхтор дар "Бозори Ӯш"-и Бишкек (видео)

- Осиё: Бишкек ях мебандад. Маркази гармидиҳии Бишкек дар ҳавои сарди ғайримуқаррарӣ аз кор монд. Қазоқистон қонун дар бораи фаъолиятҳои диниро тағйир медиҳад. Ӯзбекистонии 23-сола баъд аз бозпурсии 5-соатӣ дар шуъбаи пулис ба ҷони худ қасд кард. (видеои Настоящее время)​

- Дар Маркази гармидиҳии Бишкек чӣ рух додааст? (видео аз Директ)

- Обхезӣ дар Порис: сатҳи оби Сена тақрибан 6 метр баланд шудааст. (видеои Настоящее время)​

- Беҳтарин аксҳои ҳафта аз Қрим (нигористон)

- Ду ҳаёт барои як иштибоҳ. Чи гуна дар Москва парвандаи зидди табибон тафтиш мешавад. (видео аз Директ)​

- Дар сардтарин рӯзҳо дар маркази гармидиҳии Бишкек садама рух дод, президент аз "сабр"-и мардум ташаккур кард (видеои Настоящее время)

- «Маҷбурем, зери се болопӯш хоб равем». Вазъи бишкекиҳо баъди садама дар маркази гармидиҳӣ. (видео аз Директ)

- Қазоқистони бидуни газу гармӣ дар сармо. (видео)

- Дар Қазоқистон эҳтимол аст, ришу рӯсариро манъ кунанд (видеои Настоящее время)​

- «Ӯзбекҳо на ба хотири дилхушӣ ба Русия мераванд» (видео)

- Булғорӣ зидди намоиши эътирозҳо (видеои Настоящее время)​

- Ингвар Кампрад. Зиндагии зоҳидонаи бунёдгузори IKEA (видео аз Директ)​

- Эътирози интихобкунандагон: натиҷаҳо (видео)

- Таркиш дар назди қисми низомии Академияи ҳарбии Кобул (видео)​

- «Озодӣ ба ҳайвонҳо!» – дар Киев фаъолон зидди иштироки ҳайвонҳо дар сирк эътироз карданд. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG