Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни Сада ба сарфакорӣ даъват кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти телевизионии худ бахшида ба ҷашни Сада сокинони кишварро ба сарфакорӣ даъват кард. Ҷашни Садаро аз қадим 50 рӯз пеш аз фарорасии иди Наврӯз, 30 январ таҷлил мекунанд.

Ин табрикоти Эмомалӣ Раҳмонро тамоми шабакаҳои телевизионии кишвар шоми 29 январ намоиш доданд.

Президент дар табрикоти худ қайд кард, ки дар замони истиқлолият Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мардуми кишвар умри дубора пайдо карда, "соли гузашта дар радифи ҷашнҳои миллии дигар, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон ба қонунгузорӣ ворид карда шуд".

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо ишора ба баъзе аз мушкилиҳо аз сокинон даъват кард, ки тамоми талаботи қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим"-ро риоя кунанд. "Зарур аст, ки бо назардошти зиёдшавии мунтазами аҳолӣ, афзоиши талабот ба маводи ғизоӣ ва вазъи нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ сарфаю сариштакорӣ ва худдорӣ аз сарфу харҷҳои беҳудаву зиёдатӣ ба одати доимии ҳар фард ва ҳар як оила табдил ёбад", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи муаррихон, ҷашни Сада дар замони қадим хеле бошукуҳу бодабдаба ва бо афрӯхтани гулхан таҷлил мешуд.

Порлумони Тоҷикистон охирҳои моҳи октябри соли 2017 ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид кард, ки бар асоси он минбаъд иди Сада дар кишвар расман таҷлил карда мешавад.

XS
SM
MD
LG