"Ҳафтаи гузашта интернети шабакаҳои телефонҳои шаҳрии Ишқобод мушкил пайдо кард. Он замон масъулон ин мушкилро ба корҳои профилактикӣ рабт доданд. Аммо рӯзи дигар ҳангоми ворид шудан ба шабакаҳои иҷтимоӣ, амсоли фейсбук ва инстаграм, интернет якбора қатъ шуд", - хабар медиҳад як сокини Ишқобод.
Мақомоти шаҳрӣ ба суоли корбарон дар бораи қатъ шудани интернет гуфтаанд: "Шумо оё аз филтршиканҳо истифода мекунед? Агар ин корро идома диҳед, интернетатонро комилан қатъ мекунем".
Туркманистон яке аз пӯшидатарин кишварҳои дунё ба ҳисоб меравад, ки дастрасии сокинонро ба интернет маҳдуд кардааст. Сарчашмаҳои иттилоотии мустақил, инчунин шабакаҳои маъруфӣ иҷтимоӣ, амсоли Facebook, Twitter, VKontakte дар ин кишвар дастнорасанд.
Ба ин далел, шаҳрвандон барои ворид шудан ба шабакаҳо ва сомонаҳои дастнорас аз филтршиканҳо ё прокси серверҳо истифода мекунанд.
Аммо мақомот маҳдуд будани сомонаҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, танҳо сомонаҳои "дорои иттилои шаҳвонӣ" баста шудаанд.
Дар Туркманистон тақрибан ҳамаи воситаҳои иттилоърасонӣ давлатианд ва фаъолияташон аз тарғиби дастовардҳо ва таърифи шахсияти раисҷумҳур иборат аст.