Ссылки доступа

Роҳандозии ҳаракати автобусҳо миёни пойтахтҳои Қирғизистону Ӯзбекистон


Мақомоти Қирғизистону Ӯзбекистон ба созиш расиданд, ки дар масирҳои "Тошканд-Бишкек", "Андиҷон-Ӯш" ва "Фарғона-Ӯш" равуои мунтазами автобусҳои мусофирбарро ба роҳ монанд.

Ҷонибҳо дар ин бора дар ҷараёни мулоқоти навбатии намояндагони ду кишвар созиш кардаанд, ки охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.

Намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар порлумон Оширбек Темирбоев охири моҳи декабри соли гузашта гуфт, Бишкек ва Тошканд барқарор кардани равуои воситаҳои нақлиёти мусофирбар миёни шаҳрҳои Ӯзбекистон ва Ҷалолободу Қизил-Кияи кишварашро баррасӣ карданд.

Темирбоев афзуд, ки наздикиҳои баҳори имсол дар масири "Тошканд-Бишкек-Балиқчӣ" низ ҳаракати қаторҳо ба роҳ монда мешавад. "Бар пояи қарордод, ҳафтае як бор дар ин масир қаторҳои Роҳи оҳани Ӯзбекистон ҳаракат хоҳанд кард", - изҳор дошт вай.

Ёдрас мешавем, ҳавопаймоҳои ширкати Air Manas аз 23 декабри соли 2017 дар масири "Бишкек-Тошканд" ҳафтае ду бор парвоз мекунанд. Ҳамчунин дар масири "Ӯш-Тошканд" ҳам парвозҳо ба роҳ монда шудааст.

XS
SM
MD
LG