Ссылки доступа

Остона 888 миллион долларро зидди тундгароӣ равона мекунад


Мақомоти Қазоқистон мехоҳанд, давоми 5 сол ба иҷрои барномаи давлатии "мубориза бо экстремизму терроризми динӣ" беш аз 286 миллиард танга (беш аз 888 миллион доллар) сарф кунанд. Дар ин бора дар лоиҳаи барнома гуфта мешавад, ки дар сомонаи "Санадҳои меъёрию ҳуқуқии боз" (СМҲБ) нашр шудааст.

Баррасии барнома дар сомонаи мазкур то 6 феврал имкон хоҳад дошт. Дар ҳоли ҳозир, дар робита ба мавзуи тасдиқи барномаи давлатӣ баҳсе дида намешавад.

Барномаи мазкур барои солҳои 2018-2022 буда, мақомоти Қазоқистон нақша доранд, онро аз ҳисоби буҷаҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ ва манобеи дигаре иҷро кунанд, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.

Масъулияти таҳия ва иҷрои барнома бар дӯши Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон буда, ҳамчунин Вазорати иттилооту коммуникатсия ва Оҷонсии умури хидмати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия вазифадоранд, ки дар иҷрои он мусоидат кунанд.

Лоиҳаи барнома дар ҳоле нашр шуд, ки ахиран додгоҳи Остона даъвои созмони ҷамъиятии "Марказии ҳуқуқӣ"-ро аз болои Вазорати иттилоот ва коммуникатсияи Қазоқистон рад кард. Созмон талаб дошт, ошкор шавад, ки соли гузашта дар доираи фармоишҳои давлатӣ барои расонаҳои ин кишвар аз буҷа чи қадар маблағ дода шуд.

XS
SM
MD
LG