Ссылки доступа

Путин: "феҳрасти Кремл"-ро "амали ғайридӯстона" номид

Владимир Путин, президенти Русия гуфт, "феҳрасти Кремл"-и Вашингтон - ин рафтори ғайридӯстона аст, ки муносибатҳои Русияву Амрикоро сард мекунад ва дар маҷмуъ ба муносибатҳои байналхалқӣ зиён мерасонад.

Дар ин бора Путин дар мулоқот бо шахсони боваринокаш изҳори назар кард. Вай эътироф кард, ки то кунун "феҳрасти Кремл"-ро надидааст, вале "нороҳаткунанда аст", ки ӯ дар феҳрасти мазкур зикр нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, вай афзуд, Москва ҳеч чораи ҷавобӣ намеандешад.

Дар суҳбат бо шахсони бовариноки маъракаи интихоботиаш Путин гуфт, ки "бехирадист" Русияро бо Эрону Куриёи Шимолӣ дар як радиф гузоштан ва ҳамзамон аз Москва хостан, ки барои рафъи ташаннуҷ дар Куриёи Шимолӣ миёнаравӣ кунад.

Роҳбари Русия афзуд, вай то кунун хоҳони беҳбуд ёфтани муносибатҳо бо ИМА аст ва аз ҳар посухи фаврӣ худдорӣ мекунад.

"Мо ин феҳристро мунтазир будем ва ман пинҳон намекунам, ки омодаи таҳияи посух будем, ҷиддан, посухе, ки муносибатҳои моро ба сифр баробар мекард", - гуфт Путин.

"Ҳоло мо аз ин иқдом худдорӣ, вале вазъро назорат мекунем", - илова кард вай.

Вазорати молияи ИМА рӯзи сешанбе "гузориши Кремл" - феҳрасти атрофиёни президенти Русия Владимир Путинро нашр кард, ки мумкин аст, нисбаташон таҳрим эълом шавад. Дар феҳрасти мазкур номи 210 одам зикр шудааст. Дар ин феҳраст номи ҳамаи аъзои ҳукумати Русия, кормандони дастгоҳи Путин, роҳбарони ширкатҳои бузурги давлатӣ, роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва олигархҳо зикр шудааст.

XS
SM
MD
LG