Ссылки доступа

Дар Фарғонаи Ӯзбекистон дорбози машҳур баъди эълони гуруснашинӣ боздошт шуд


Кормандони пулиси Ӯзбекистон Аҳад Набиев, дорбози машҳур ва ҳомии ҳуқуқро, ки бо лақаби "Аҳад дорбоз" маъруф аст, рӯзи 29 январ дар назди бинои ҳукумати вилояти Фарғона боздошт карданд.

"Ман зидди иқдомҳои ҳукумати вилояти Фарғона гуруснашинӣ эълон мекунам. Ман борҳо ба ҳукумат ва додситонии вилоят муроҷиат кардам, вале онҳо посух надоданд. Ман мехостам бо ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев мулоқот кунам. Аз соли 2002 ба ин сӯ ба ҳукумати Фарғона муроҷиат мекунам, вале боре ҳам маро напазируфтаанд", - гуфт Аҳад Набиев. Ӯро баъди нисфирӯзии 29 январ баъди навиштани баёнот дар бораи "эътирози ғайриқонуниаш" аз боздошт раҳо карданд.

Вай гуфт, раиси шаҳри Фарғона Шуҳратҷон Эркинбоев шахсан ба бинои пулис омада, ӯро ба мулоқот даъват кардааст.

Аҳад Набиев мегӯяд, ба далели ҳал нашудани мушкили сокинони маҳаллӣ даст ба эътироз зад.

Ба гуфтаи Набиев, раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсонро нодида мегирад ва намехоҳад, бо ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтугӯ кунад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта сабти дашномҳои Шуҳрат Ғаниев дар Интернет нашр шуд. Вай дар робита ба куштори 52 шаҳрванди Ӯзбекистон дар як оташсӯзии автобус, сокинон ва мақомоти маҳаллиро дашном медод.

XS
SM
MD
LG