Наворе, ки дар он зани беҳиҷоб дар хиёбони Инқиболи шаҳри Теҳрон истодааст, 27 декабр дар Интернет нашр шуд. Номи ин зан зикр намешавад. Вай дар навор хомӯшона рӯймоли сафедро алвонҷ медиҳад ва ошкоро зидди ҳиҷоби иҷборӣ эътироз мекунад.
Насрин Сутуда хабар дод, ки барои огоҳӣ пайдо кардан аз парвандаи зани боздоштшуда ба додситонӣ рафтааст, вале дар додситонӣ гуфтанд, он занро 27 январ раҳо кардаанд. "Ман умедворам, ки нисбати ӯ парванда накушодаанд ва барои амалисозии ҳуқуқҳои табиияш ба вай зиён нарасондаанд", - навишт Насрин Сутуда.