Трамп дар ҷаласаи муштараки Конгресс баъди як соли ба курсии президентӣ нишастанаш суханронӣ кард. Ин суханронӣ ҳамзамон дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳукумати федеролӣ тақрибан як ҳафта пеш ба далели ихтилофи назари ҳизбҳо дар мавриди буҷа ва сарнавишти миллионҳо муҳоҷире, ки дар хурдсолӣ ғайриқонунӣ ба ИМА омадаанд, қисман фаъолияташро қатъ карда буд.
Президенти ИМА дар суханронии худ гуфт, "Чину Русия рақибоне ҳастанд, ки бо манфиатҳо, иқтисод ва арзишҳои мо муқобала мекунанд". Ӯ аз Конгресс хост, норасоиҳои асосии созиши ҳастаӣ бо Эронро ислоҳ кунад. Трамп афзуд, маъракаи "фишорҳои ҳадди аксар"-и ИМА зидди силоҳҳои Куриёи Шимолӣ идома хоҳад ёфт.
Президенти ИМА дар робита ба як қатор масоили дигар низ мавқеи маъмурияти худро бори дигар тасдиқ кард. Аз ҷумла гуфт, мубориза зидди терроризму ҷангҳо зидди гуруҳҳои даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ва "ал-Қоида" идома ёфта, кумак ба кишварҳое коҳиш дода мешавад, ки сиёсати Вашингтонро дастгирӣ намекунанд. Вай ҳамчунин қайд кард, ки ИМА дар оянда муҳлати хуруҷи нирӯҳои худро, аз ҷумла аз Афғонистон эълом нахоҳад кард.
Суханронии Доналд Трамп 1 соату 23 дақиқа идома ёфт.
Пахши мустақими паёмро бо забони русӣ инҷо тамошо кунед.
Тибқи анъана, баъд аз ба поён расидани паёми президент, чанд узви Ҳизби демократ суханрониҳои кутоҳи ҷавобӣ хоҳанд кард.