Ссылки доступа

Amnesty International Трампро барои ҳифзи Гуантанамо маҳкум кард


Гуантанамо (архивное фото)
Гуантанамо (архивное фото)

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International тасмими президенти ИМА Доналд Трампро барои ҳифзи зиндони Гуантанамо, ки дар он айбдоршавандаҳо ба терроризм нигаҳдорӣ мешаванд, маҳкум кард.

Трамп дар паёми худ ба Конгресс дар бораи вазъи ИМА Гуантанаморо низ зикр кард. Ба гуфтаи вай, озод кардани садҳо террористи хатарнок кори аҳмақона аст ва ин зиндон то замони тағйир ёфтани сиёсати Амрико дар робита ба ҷурмҳои мазкур фаъолият хоҳад кард.

Барои бастани ин зиндон соли 2009 президенти пешини Амрико Барак Обама талош карда буд. Ӯ фармонеро низ имзо кард, ки бар пояи он, маҳбусони Гуантанамо бояд ба ватан, кишвари севум ва ё ба зиндони дигари ИМА интиқол меёфтанд.

Гуантанаморо маъмурияти президенти пешини ИМА Ҷорҷ Буши хурдӣ дар соли 2002 бунёд карда буд. Соли 2017 дар он 41 зиндонӣ қарор доштанд. Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо гуфтанд, ки дар ин зиндон ҳуқуқи маҳбусон поймол шуда, онҳоро шиканҷа мекунанд.

XS
SM
MD
LG