7 апрели соли 2017 мошини борбаре, ки пушти фармонаш Оқилов менишаст, дар кӯчаи Дроттнинггатани Стокҳолм бо суръати баланд ҳаракат карда, ба фурӯшгоҳе бархӯрду 18 одамро пахш кард. Пулис аз дохили мошин бомба - панҷ зарфи пур аз меху оҳанпораро пайдо кард.
Дар натиҷаи ин ҳодиса 5 одам, аз ҷумла як духтари 11-сола ҷон бохта, 15 тани дигар захмӣ шуданд. Пулис худи Оқиловро ҳамон рӯз боздошт кард.
Раҳмат Оқилови 39-сола соли 2014 ба Шветсия рафта, дархости паноҳандагӣ кард. Аммо мақомот моҳи июни соли 2016 дархости ӯро рад карданд. 16 декабри соли 2016 ба Оқилов чаҳор ҳафта фурсат додаанд, ки кишварро тарк кунад. Аммо баъди ин вай пинҳон шуд ва хадамоти муҳоҷират парвандаи ӯро ба пулис ирсол кард.
Шаҳрванди Ӯзбекистон дар бозпурсиҳо иқрор кард, ки ҳамларо бо фармоиши гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" анҷом додааст. Муфаттишон мегӯянд, Оқилов қасд надошт аз ин ҳамла ҷон ба саломат барад ва ӯ мехост, худро бо мошин тарконад.
Мурофиаҳои додгоҳии Оқилов моҳи феврал оғоз хоҳанд шуд. Аз болои ӯ 155 шикоят шудааст. Аз ин миён 5 шикоятро наздикони қурбониён ва 15 тои дигарро осебдидагони ҳамла кардаанд.