Ссылки доступа

Дар Намангони Ӯзбекистон зани аз сӯи муштариҳои фоҳишахона латтукӯбшуда даргузашт


Дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон 30 январ зани 52-сола Турғуной Олтинова даргузашт. Як ҳафта пеш ин зан аз сӯи муштариҳои фоҳишахона шадидан латту кӯб шуд. Турғуной талош карда буд, муштариҳоро биронад ва ба пулис хабар диҳад.

Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муштариҳои фоҳишахона, ки дар латту кӯби зан даст доштанд, боздошт шудаанд.

"Дар бинои мо фоҳишахона ҳаст. Турғунойро 23 январ, соати 22-45 дақиқа одамони ношинос латту кӯб карданд. Ман шахсан ин ҳодисаро дидам. Мо ба даҳлез баромадем, вале он одамон фирор карданд. Яке аз онҳо ниқоб дошт. Мо Турғунойро ба бемористон бурдем, вай баъди як ҳафта фавтид", - гуфт яке аз ҳамсояҳои Турғуной Олинова.

Сарфи назар аз он ки пулис дар робита ба ин ҳодиса парванда таъсис дод, аммо фоҳишахонаро набастаанд.

"Дар бинои мо кӯдакон ҳастанд. Сарфи назар аз ин, ин ҷо фоҳишахона кушоданд. Духтарони нимбараҳна мардонро мепазиранд. Ин ҳолат ҳар рӯз такрор мешавад. Турғуной доим бо онҳо хархаша мекард, мегуфт, дар ин бино кӯдак аст. Билохира ӯро муҷозот карданд. Чаро пулис хомӯш аст? Ин моро ба ҳайрат гузоштааст", - гуфт як ҳамсояи дигари Олтинова.

XS
SM
MD
LG