Ссылки доступа

Забони туркӣ дар Туркманистон машҳур мешавад


Дар Туркманистон ҳамроҳ бо машҳур шудани шабакаҳои телевизионӣ, ба вижа шабакаҳои туркӣ, шумори зиёди одамон талош мекунанд, бо забони туркӣ суҳбат кунанд.

"Фарҳанги туркӣ ҷузъи фарҳанги ҷавонон шудааст. Онҳое, ки шабакаҳои туркиро мебинанд, ҳатто кӯдакон ҳам, дар мактабу хона бо забони туркӣ муколама мекунанд", - мегӯяд як сокини вилояти Дашоғузи Туркманистон.

Ин падида дар вилоятҳои Лебап, Марӣ ва Ахали Туркманистон низ роиҷ шудааст.

"Ман шахсан борҳо дидам, ки модарон бо кӯдаконашон бо забони тозаи туркӣ суҳбат мекунанд", - мегӯяд як сокини дигар.

XS
SM
MD
LG