Ссылки доступа

Мошинҳои сармоягузорони пирамидаи молии "Аҳмадбой"-ро баргардонданд


Дар ноҳияи Чинози Ӯзбекистон беш аз сад мошине, ки бунёдгузори "пирамидаи молӣ" ва соҳибкори маҳаллӣ Аҳмад Турсунбоев (мулаққаб ба Аҳмадбой) бо ваъдаи пардохти фоидаи солонаи 180-дарсадӣ аз сокинон гирифта буд, ба соҳибонашон баргардонида шуданд.

Бино ба гузориши телевизиони "Ӯзбекистон-24", мақомот ин 105 мошинро 30 январ ба моликонашон баргардондаанд. Яке аз мусоҳибони телевизион бо номи Зафар мегӯяд, ба Турсунбоев беш аз 6 ҳазор доллари ИМА додааст ва тамоми талошҳои ӯ барои баргардонидани пулҳо бенатиҷа буданд.

"Мардум метавонанд, мошинҳои худро баргардонанд. Чун исбот кардани соҳиби мошин бар пояи рақамҳои он хеле осон аст. Вале онҳое, ки ба "Аҳмадбой" пул додаанд, наметавонанд пулҳои худро баргардонанд. Зеро ин додугирифт дар санаде қайд нашудааст. Агар ҳам шуда бошад, ҳамаи ҳуҷҷатҳо маҳв шудаанд", - афзуд ӯ.

Аҳмад Турсунбоев моҳи июни соли 2016 дастгир шуда, то ба ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти амнияти Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешавад ва муштариёни ӯ даҳҳо ҳазор нафаранд.

Пештар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон хабар доданд, ки Аҳмад Турсунбоев аз муштариёнаш бар ивази пардохти фоидаи моҳона мошин, чорвои хонагӣ ва ашёи қимматбаҳоро низ мепазируфтааст. Ҳангоми гирифтани ин чизҳо ӯ забонхати расмӣ намедодааст.

Зидди ӯ бо ҷурми қаллобӣ, азхудкунии молу мулки мардум бо роҳи фиреб, хариду фурӯши ғайриқонунӣ ва пинҳон кардани асъори хориҷӣ парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG