Дар ин раванд истеъдоду малакаи донишҷӯён, омӯзгорон ва пажӯҳишгарон, фаъолияти академӣ ва рақобатпазирии матлабҳои илмии омӯзгорони донишгоҳҳо ба инобат гирифта мешавад.
Дар охир эълом карда мешавад, ки кадом барномаи бакалаврӣ ё магистрӣ бештар рақобатпазир буда, дорои сифати баланд аст.
Дар Қирғизистон ҷамъан 51 муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият мекунад. Ибтидои соли хониши 2017-2018 шумори донишҷӯён дар ин кишвар беш аз 162 ҳазор нафар номида шуд.