Ссылки доступа

Сенаторҳои ИМА: Трамп аз таҳримҳои зидди Русия бояд ёдовар мешуд

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Ҷон Кеннедӣ - сенатори ҷумҳурихоҳ - бар ин назар аст, ки Трамп бояд мавзуи таҳримҳои зидди Русияро дар паёмаш ёдовар мешуд.

"Доналд Трамп бояд ба мардуми Амрико шарҳ медод, ки чаро таҳримҳои зидди Русияро ба таъхир меандозад, дар ҳоле, ки Путин давоми панҷ соли охир мисли як роҳзан (гангстер) рафтор дорад", - гуфт вай.

Рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ ҳукумати Трамп рӯйхати афродеро, ки бояд шомили таҳримҳои нав шаванд, эълон кард. Вале ҳукумати Трамп гуфт, дар ҳоли ҳозир аз ҷорӣ кардани таҳримҳои нав зидди атрофиёни Владимир Путин, президенти Русия худдорӣ меварзад.

Бен Кардин, муовини раиси Кумитаи байналхалқии Сенат низ президентро танқид кард. Вай гуфт, Трамп дар робита ба талоши Кремл барои барҳам задани ҷараёни демократӣ дар ИМА, хомӯшӣ ихтиёр кардааст. "Русия барои ИМА хатар эҷод мекунад ва ба эҳтимоли зиёд, ин кишвар талош хоҳад кард, ки дар интихоботи моҳи ноябри Конгресси ИМА дахолат кунад", - гуфт вай. Кардин илова кард, "мо дидем, ки Русия дар интихоботи ахири Чех чӣ гуна дахолат кард. Путин талош дорад, ки ҷараёнҳои демократиро дар кишварҳои дигар низ таҳти назорат бигирад. Аз ин ҷиҳат, Трамп мебоист дар паёмаш дар бораи амалҳои Кремл ёдовар мешуд".

XS
SM
MD
LG