Ссылки доступа

Тоҷири қазоқ Маргулан Сейсембоев ба ватанаш баргашт

Тоҷири машҳури Қазоқистон Маргулан Сейсембоев, ки моҳи гузашта гуфта буд, ба далели таҳдиди таъқибҳо дар хориҷ зиндагӣ ихтиёр мекунад, ба ватанаш баргашт. Ӯро пештар чанд маротиба дар робита ба парвандаи шарики тиҷориаш ба бозпурсӣ даъват карда буданд.

Сейсембоев шаби 1 январ дар саҳифаи Фейсбук навишт, ки баъди чанд моҳи зиндагӣ дар хориҷ ба Қазоқистон бармегардад. Вай афзуд, "аз болотарин сатҳ" кафолати амният дарёфт кардааст.

Моҳи январ молики "Бонки Алянс" ва соҳибкори маъруфи Қазоқистон Сейсембоев гуфт, баъди чанд маротибаи бозпурсӣ дар мақомоти тафтишотӣ дар робита ба шарики пешини тиҷориаш Искандар Еримбетов, дар хориҷ зиндагӣ ихтиёр мекунад.

Вале бар хилофи ин тасмимаш, вай субҳи 2 феврал ба Қазоқистон омад. Сейсембоев гуфт, тасмими баргаштанашро шарҳ намедиҳад. Танҳо гуфт, ки ба вай аз "болотарин сатҳ" кафолат додаад. "Агар мутмаин намебудам, намеомадам", - афзуд вай.

Маргулан Сейсембоеви 51-сола бори дувум аст, ки "таҳти кафолат" ба Қазоқистон баргмегардад. Ҳашт сол пеш вай бори аввал аз муҳоҷирати кутоҳ ба ватанаш баргашт ва эълон кард, ки ба президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев содиқ аст. Ин рӯйдод баъди миллисозии "Бонки Алянс" иттифоқ афтод, ки Сейсембоев молики он буд.

XS
SM
MD
LG