Ба огаҳии Федератсияи варзиши сабуки Қазоқистон, варзишгарони ин кишвар дар мусобиқаҳои шаҳри Теҳрон, ки аз 1 то 3 феврал баргузор шуданд, 7 медали тило, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ касб кардаанд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми дувумро варзишгарони Эрон бо 5 медали тило, 9 нуқра ва 10 биринҷӣ ишғол кардаанд. Мунтахаби Туркманистон 2 медали биринҷӣ ва аз Ҷопон 1 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.