Пештар Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон ҳушдор дода буд, ки ба далели номусоид омадани бодуҳаво аз 3 то 5 феврал дар минтақаҳои куҳӣ ва ағбаҳо фаромадани ярчу тарма эҳтимол дорад.
Ба огаҳии вазорат, баландии барф дар ағбаи "Тоо-Ашуу 1,2 метр ва дар ағбаи Отмок 80 см буда, роҳҳо ҳама яхбандӣ шудаанд. Равуо низ дар тамоми роҳҳои куҳии Қирғизистон мушкил шудааст.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон ба ронандагон тавсия додааст, ки ба хабарҳо дар бораи бодуҳаво таваҷҷуҳ карда, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо фосилаи 500-метрӣ миёни мошинҳоро риоя кунанд.