Ссылки доступа

Тоҷикистон барои "Азот" сармоягузор меҷӯяд


Тоҷикистон бори дигар барои ба кор андохтани корхонаи нуриҳои минералии "Азот" дар Леваканди Хатлон сармоягузор меҷӯяд, чун сармоягузори чинӣ дар мӯҳлати муайяншуда ин корхонаро фаъол накард.

Поёни соли 2016 президент Эмомалӣ Раҳмон бо печи бузурги зардчатобе як мурвати корхонаи "Азот"-ро тоб дод. Бо ҳамин раиси ҷумҳур таҷдиди корхонаи ҳамакнун муштараки тавлиди нуриҳои минералии Тоҷикистону Чинро оғози расмӣ бахшида буд.

Аммо ширкати "Хенан Чжун - Я гуруҳи ҳолдингӣ"-и Чин, ки тибқи шартнома қарор буд, дар давоми 1,5 соли баъдӣ марҳилаи аввали корхонаро бо иқтидори тавлиди 120 ҳазор тонна нурии минералии амиак ва 200 ҳазор тонна карбамид ба кор андозад, ба ваъдааш вафо накард.

Дар давоми се сол марҳилаи дуввуми лоиҳа бояд анҷом меёфт ва тавлиди амиак ба 300 ҳазор тонна ва карбамид ба 500 ҳазор тонна мерасид.

Мувофиқи шартномае, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати "Хенан Чжун- Я гуруҳи ҳолдингӣ"-и Чин ноябри 2016 имзо карда буд, даромади софе, ки аз тавлиди нуриҳои минералӣ ба даст меомад, давоми 6 сол 70 дарсад ба ҷайби ин ширкати чинӣ ва 30 дарсад ба Тоҷикистон тақсим мешуд.

Як ҳамсӯҳбати мо, ки дар ҷараёни гуфтугӯи ин ширкати Чин бо Тоҷикистон буд, мегӯяд, кӯтоҳии аслии "Хенан Чжун- Я гуруҳи ҳолдингӣ" дар он буд, ки "бандҳои дар шартнома тасдиқшударо иҷро накард" ва дар мӯҳлати муайяшуда корхонаро ба кор надаровард.

Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси пешини вилояти Хатлон низ тобистони соли гузашта ваъдахилофии сармоягузорони чиниро интиқод карда ва гуфта буд, корхонаи "Нуриҳои Осиё" бояд баҳори 2018 ба кор медаромад, аммо чунин нашуд. Ваъдаи августи ҳамон сол ба кор даровардани ширкат ҳам амалӣ нагашт.

Ширкати "Хенан Чжун- Я гуруҳи ҳолдингӣ"-и Чин замоне барои таҷдиди "Азот" омад, ки Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ намефурӯхт ва қарор буд ин ширкат бо насби таҷҳизот аз ангишт газ истеҳсол карда, корхонаро ба кор андозад. Аммо ҳоло чунин зарурате нест, чун бо хуб шудани муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон, интиқоли гази табиӣ аз ин кишвар дубора мумкин шуд.

Аммо ҳоло Тоҷикистон аз Ӯзбекистон гази табиӣ мегирад ва бекор хобидани корхонаи "Азот" танҳо ба фарсуда будани қубури газ аз Ёвон то Леваканд гиреҳ мехӯрад.

Файзиддин Раҳмонов, роҳбари корхонаи "Азот", ки дар заминаи он ширкати муштараки тоҷикиву чинии "Нуриҳои Осиё" таъсис дода шудааст, мегӯяд, агар имрӯз гази табиӣ расад, баъд аз як моҳ корхона ба тавлиди нуриҳои минералӣ шурӯъ мекунад.

Корхонаи азими "Азот" инак 11 сол боз фаъолият намекунад ва Тоҷикистон, ки аслан як пояи аслии иқтисодаш кишоварзист, нуриҳои минералиро бо нархи гароне аз хориҷа ворид мекунад. Бинобар ҳисобҳо, Тоҷикистон ҳар сол тақрибан ба маблағи 70 миллион доллар аз Ӯзбекистону Русия амиак ва карбомид мехарад.

Корхонаи "Азот" дар солҳои истиқолияти кишвар, дар маркази моҷароҳои мулкиву пулӣ ва ҳатто сиёсӣ қарор гирифт. Корхонае, ки соли 1967 дар шаҳри Леваканди (Сарбанди) вилояти Хатлон бо ҳадафи таъмини кишоварзони тоҷик бо нуриҳои минералӣ бунёд шуд, дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз кор монд.

Соли 2001 ин корхонаро олигархи украинӣ Дмитрий Фирташ ва ширкаташ Group DF бо 75 дарсади саҳмияҳояш аз худ кард. Фаъолияти баъдии ин корхона бо гази табиии Ӯзбакистони ҳамсоя ҷон гирифт, вале бо қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон дар солҳои 2008-2009, дубора аз кор монд.

Вале исми корхона дар солҳои 2014 ба матбуот на ба ҳайси корхонаи дучори мушкил, балки ҷузве аз баҳсҳои додгоҳиву парвандаҳои ҷиноӣ, аз ҷумла дар робита бо соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов роҳ ёфт.

Қаблан корхонаи 75 дарсади саҳмияҳои корхонаи саноатии "Азот" ба миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ, 20 дарсадаш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш ба Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов тааллуқ дошт. Аммо додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон соли 2014 ин созишномаро ғайриқонунӣ эълон карда, корхонаи азимро дубора ба ихтиёри давлат гузошт.

Пас аз давлатӣ шудан Ҳукумат ин корхонаро бо чиниҳо қисмат кард. Аммо бо омадани чиниҳо низ корхона фаъол нашуд. Ин аст, ки акнун ҳукумат ба ҷустуҷӯи сармоягузори бовафое пардохтааст, ки омодааст дар таҷдиди ин корхона 350 миллион доллар маблағ гузорад.

XS
SM
MD
LG