Ссылки доступа

Муҷассамаи варзишкори маъруф Денис Тен дар Алмато қомат афрохт


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон 22 июн аз муҷассамаи варзишкори маъруфи қазоқ Денис Тен, ки як сол пеш кушта шуд, пардабардорӣ карданд.

Ин муҷассама дар кӯчаи Байсеитова, дар наздикии маҳалле насб шудааст, ки дар онҷо варзишкорро кушта буданд.

Дар маросими пардабардории муҷассама даҳҳо одам бо шумули муовини шаҳрдори Алмато, чеҳраҳои маъруфи фарҳангӣ ва варзиши Қазоқистон иштирок доштанд.

Қарор буд, аз он дар рӯзи зодрӯзи варзишкор -- 13 июн пардабардорӣ шавад. Вале мақомот гуфтанд, ки муҷассама он замон омода набуд. Муҷассамаро шарҳдории Алмато насб кард.

Денис Тен 19 июли соли 2018 бо чанд захми корд дар бемористон бистарӣ шуд ва он ҷо вафот кард. Ба иттилои тафтишот, Денис Тен қурбони касоне шудааст, ки ба мошиндуздӣ машғул буданд.

Додгоҳ гумонбарони ин куштор Арман Кудайбергенов ва Нуралӣ Киясовро 17 январ 18-солӣ зиндонӣ кард. Муттаҳамон дар додгоҳ ба гуноҳашон иқрор, аммо куштори барқасдонаро рад карданд. Муттаҳами дигари парванда Жанар Толибоева бо айби иттилоъ надодан дар бораи ҷиноят 4 сол зиндонӣ шуд.

XS
SM
MD
LG