Ссылки доступа

Дар интихоботи шаҳрдори Истамбул боз номзади мухолифон пирӯз шуд

Номзади Ҳизби ҳокими адолат ва рушди Туркия дар интихоботи шаҳрдории Истамбул Бинолӣ Йилдирим рақиби худ аз ҳизби мухолиф Экрем Имомоғлуро бо пирӯзияш дар интихобот табрик гуфта, изҳори умед кард, ки шаҳрдори нав ба нафъи сокинони шаҳр хидмат хоҳад кард.

Расонаҳои Туркия хабар доданд, ки шумори 95 дарсади варақаҳои раъйдиҳӣ нишон дод, ки номзади мухолифон Экрем Имомоғлу дар интихоботи шаҳрдори Истамбул 53,6%-и овозҳоро ба даст вардааст.

Интихоботи шаҳрдори Истамбул бо қарори Комиссияи олии интихоботии Туркия дубора баргузор шуд. Комиссия шикояти ҳизби ҳокимро қонеъ карда, гуфт, дар интихоботи моҳи марти соли равон, ки бо пирӯзии номзади мухолифон анҷомид, қонуншиканиҳо сурат гирифтааст.

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон он замон гуфта буд, ки дар интихоботи шаҳрдори Истамбул қонуншиканӣ ва тақаллубкориҳои зиёд шудааст. Дар натиҷа Комиссияи олии интихоботии Туркия натиҷаҳои интихоботро бекор ва интихоботи дубора эълом кард, ки норозигии мухолифонро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG