Ссылки доступа

Ӯзбекистон вазъи мусофирони қатораҳои дар Қазоқистон дармондаро шарҳ дод


Мусофирони қаторае, ки дар Қазоқистон дар мондааст, тавассути автобусҳо ба шаҳри Тошканд оварда мешаванд, хабар дод вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Ба иттилои консулгарии Ӯзбекистон дар шаҳри Алмато, 25 июн ҳамаи мусофирони қатораи масири Уфа-Тошканд тавассути автобусҳо ба Тошканд ирсол шуданд.

Субҳи 26 июн интиқоли 264 мусофири қатораи масири "Новосибирск - Тошканд" низ, ки дар шаҳри Чимкент шаби 25 июн дар монда буданд, ба Тошканд интиқол дода шуданд.

Баъди сар задани таркишу сӯхтор дар анбори аслиҳаи шаҳри Ариси Қазоқистон, чанд қатораи самти Ӯзбекистон, ки аз ин минтақа мегузаштанд, дар ҳудуди Қазоқистон дар монданд.

Пештар аз ин мақомоти Қазоқистон гуфтанд, эҳтимоли сар задани таркишҳои дигар дар шаҳри Арис вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG