Ба тасмими мазкур раҳбари AIBA интихоб шудани соҳибкори ӯзбек Ғафур Раҳимов сабаб шудааст. Номи Раҳимов чандин сол аст, ҳамчун "яке аз раҳбарони гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ" дар рӯйхати таҳримшудаҳои Вазорати молияи ИМА қарор дорад.
"AIBA барои КБО ва саҳҳомони амрикоияш мушкилиҳои зиёд, аз ҷумла молӣ эҷод кардааст", - гуфт узви КБО Ненад Лалович рӯзи чоршанбе.
Кумитаи КБО дар умури молӣ, идорӣ ва ахлоқӣ моҳи майи соли равон Анҷумани байналмилалии бокси ғайрикасбиро расман дар иҷро накардани талаботи Кумитаи олимпӣ айбдор кард.
КБО AIBA-ро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои олимпӣ маҳрум кард, вале боксро дар барномаи Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио боқӣ гузошт. Анҷумани байналмилалии бокс дар пайи қарори КБО хабар дод, ки шумори аъзояш якбора поин рафт.
Муаллифи лоиҳаи Transborder Corruption Archive ва рӯзноманигори маъруф Анастасия Кириленко дар суҳбат бо бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ қарори КБО-ро барои маҳрум кардани AIBA аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои олимпӣ дуруст номид.
Ёдрас мешавем, моҳи ноябри соли 2018 Ғафур Раҳимов президенти AIBA интихоб шуд. Интихоби вай ба ин мақом норозигии Кумитаи байналхалқии олимпиро ба бор овард. Вазорати молияи ИМА номи Раҳимовро ба далели иртиботи ӯ бо “мафияи фаромиллӣ” ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил кардааст.
Раҳимов дар замони раҳбарии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов таҳти пайгарди қонун қарор дошт. Вале бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев номи ӯ аз рӯйхати ҷустуҷӯшавандаҳо берун карда шуд.