Нишонаҳои заҳролудшавӣ дар меҳмонон пас аз як рӯз - 1 июл мушоҳида шуда, рӯзи 2 июл шумори онҳо то ба 93 нафар афзоиш ёфт. 39 кас дар беморхона бистарӣ шуда, 54 тани дигар дар хона табобат мегиранд.
Табибон вазъи заҳролудшудаҳоро "вазнини миёна" арзёбӣ мекунанд.
Ниҳодҳои дахлдори Қирғизистон тафтиши ҳодисаро оғоз кардаанд ва аз ғизоҳои пешниҳодгашта барои озмоиш намуна гирифта шудааст.