Ссылки доступа

Дар Туркманистон "буҷавиҳо"-ро иҷборан ба осоишгоҳҳо мефиристанд


Дар вилояти Дашоғузи Туркманистон кормандони муассиса ва корхонаҳои давлатиро маҷбур доранд, ки барои истироҳат дар осоишгоҳҳои шаҳри Аваз роҳхат бихаранд.

Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, аз кормандони буҷавӣ бар ивази 5-10 рӯзи истироҳат дар осоишгоҳҳои Аваз ба ҳисоби миёна 250 манат ($741 бо қурби расмӣ) талаб доранд.

"Аз ҳар корхона ҳамасола бояд дасти кам панҷ кас роҳхат ба осоишгоҳро бихаранд. Муҳлати истироҳат вобаста ба корхонае аст, ки дар он кор мекунед. Як рӯзи истироҳат 200 манат аст. Ба ин маблағ роҳкиро ва пули ғизо шомил нест", - гуфт як ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ин сокини Дашоғуз, кормандони корхонаҳои давлатӣ таҳдид мешаванд, ки агар роҳхат ба истироҳатгоҳро нахаранд, ҷои кори худро аз даст хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG