Мақомоти интизомии Қирғизистон гуфтанд, 3 июл бо гумони латту кӯб кардани шаҳрванди Нигерия як зодаи вилояти Чуйи Қирғизистон боздошт шудааст. Дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад.
Рӯзи 2 июл дар маркази шаҳри Бишкек як марди ношинос шаҳрванди Нигерияро латту кӯб кард. Шаҳрванди Нигерия дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол дода шуд. Пулис бо моддаи "Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" парванда боз кард.
Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон ба мақомот дастур дод, ки гунаҳкоронро пайдо ва муҷозот кунанд.