Ссылки доступа

Могеринӣ дар бораи муносибатҳои ИА бо ОМ изҳори назар кард

Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар умури хориҷӣ Федерика Могеринӣ дар робита ба дурнамои муносибатҳои иттиҳод бо Осиёи Марказӣ (ОМ) изҳори назар карда, ин минтақаро "шарики воқеӣ"-и Брюссел номид.

Ин изҳороти Могеринӣ чанд рӯз пеш аз мулоқоти солонаи "Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ" дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ нашр шуд, ки қарор аст, ки охирҳои ҳафтаи оянда дар шаҳри Бишкек баргузор шавад.

Дар изҳороти муштараки Могеринӣ ва Невен Мимитса, вазири ИА оид ба масъалаҳои рушду ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки 4 июл нашр шуд, омадааст, "ИА мехоҳад, аз талоши кишварҳои ОМ барои расидан ба бахшҳои устувори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ дастгирӣ кунад. Инҷо сухан аз тақвияти расонаҳои мустақил, фароҳам овардани шароит барои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими волоияти қонун, мудирияти давлатӣ, мубориза бо фасод ва тавсеаи имкониятҳои ҷавонону занон меравад".

Дар изҳорот масоили ҳуқуқи инсон ва демократисозӣ, ки моҳи майи имсол дар стратегияи нави ИА дар робита ба ОМ яке аз самтҳои афзалиятнок унвон шуда буд, ба таври алоҳида зикр нашудаанд.

XS
SM
MD
LG