Ссылки доступа

Додситонии кулли Қазоқистон аз сокинон хост, дар гирдиҳамоии мухолифин ширкат накунанд


Болат Дембоев, муовини додситони кулли Қазоқистон аз сокинони кишвараш даъват кард, ки дар гирдиҳамоии 6 июл ширкат накунанд. Даъвати вай рӯзи 4 июл дар сомонаи додситонии кулли Қазоқистон нашр шуд.

Ба гуфтаи Дембоев, "дар шабакаҳои иҷтимоӣ то кунун паҳнсозии даъватҳои иғвогарона барои баргузор ва ширкат кардан дар гирдиҳамоии 6 июли соли ҷорӣ давом дорад".

Вай мегӯяд, "таблиғ ба гирдиҳамоӣ - талоши навбатии афродест, ки мехоҳанд, бетартибӣ роҳандозӣ кунанд ва вазъро дар кишвар ба ҳам зананд".

"Дар ин робита ба мақомоти интизомӣ дастур шудааст, ки аз амалҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ кунанд", - огоҳ кардааст Дембоев.

Мухтор Аблязов, роҳбари ҳаракати Интихоби демократии Қазоқистон ахиран аз ҷонибдоронаш хост, ки 6 июл - дар рӯзи таваллуди Нурсултон Назарбоев - гирдиҳамоӣ ташкил кунанд. Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон, ки моҳи марти соли ҷорӣ истеъфо дод, 6 июл 79-сола мешавад.

XS
SM
MD
LG