Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон аз ҳоҷатхонаи бозор тифли навзодеро пайдо карданд (видео)


Дар бозори "Лолазор"-и ноҳияи Деҳнави Ӯзбекистон аз дохили ҳоҷатхона кӯдаки навзодеро пайдо карданд.

7 июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки нишон медиҳад, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва табибон ба тифли аз ҳоҷатхонаи бозори "Лолазор" пайдошуда ёрии аввалияи тиббӣ мерасонанд.

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон мегӯяд, табибон тавонистанд кӯдакро аз марг наҷот диҳанд ва ҳоло ӯ дар беморхонаи вилояти Сурхандарё, ки ноҳияи Деҳнав тобеи он аст, қарор дорад.

"Ҷинси кӯдак зан аст ва 3,5 кило вазн дорад. Дар ҳоли ҳозир ӯ таҳти назорати Вазорати тандурустии Ӯзбекистон аст", - афзудааст вазорат.

Дурбинҳои назоратии бозор модари кӯдакро сабт карда буданд ва мақомоти пулис тавонистанд, ӯро пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG