Ссылки доступа

Намояндаи ИА боздоштҳои дастаҷамъии Қазоқистонро шарҳ дод


Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могеринӣ гуфт, дар самти тағйироти демократӣ дар баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон беҳбудие дида мешавад.

Могеринӣ 7 июл дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ афзуд, ки Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо кишварҳои гуногун - Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Русия ва Чин бояд озод бошад.

Вай дар шарҳи боздошти фаъолон дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар шаҳрҳои Қазоқистон гуфт, "ин масъала матраҳ хоҳад шуд". Могеринӣ афзуд, ки ИА аз Қазоқистон ва кишварҳои дигари минтақа даъват мекунад, то меъёрҳои марбут ба ҳуқуқи инсонро беҳтар ва озодии баёну фаъолияти бидуни монеаи расонаҳоро таъмин кунанд.

Дар Рӯзи пойтахти Қазоқистон, ки 6 июл таҷлил шуд, дар шаҳрҳои Алмато, Нурсултон, Оқтеппа ва Чимкенти он кишвар гирдиҳамоӣ ташкил карданд ва пулис шуморе аз онҳоро боздошт намуд.

Шоҳидон аз боздошти даҳҳо одам дар ин шаҳрҳо хабар медиҳанд. Ду сокини шаҳри Алмато - Откирхон Мулкибоеви 60-сола ва Хонзода Раимқули 65-сола бо айби иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ муҷозот шуданд. Додгоҳ якеро 15 рӯз ҳабс ва дувумиро ҷарима кард.

Бино ба иттилои мухталиф, танҳо дар шаҳри Алмато наздики 100 одам боздошт шудааст. Мақомот то кунун боздоштҳои охирро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG