Ин зани навовари тоҷик номзади фанҳои техникӣ ва ходими "Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аст.
Мавлуда Давлатмамадова, номзади илмҳои техникӣ, баъди даҳ соли пажӯҳиш ба ин хулоса омад, ки мешавад бемории ҳассосият ё аллергияро бо гиёҳҳои шифобахш ва безарар иваз кард ва бо ин роҳ ба инсонҳо даво бахшид. Давое, ки ӯ дар ин самт ихтироъ кардааст, малҳам барои ҳассосияти пӯст ном дорад ва он ахиран дар як озмуни ҷаҳонии бонувони ихтироъкор дар Кореяи Ҷанубӣ, соҳиби ду нишони тилло шуд.
Мавлуда Давлатмамадоваи 33-сола, ки бо ин навоварии худ дар соҳаи тиб дар миёни 274 зан аз 28 кишвари дунё яке аз беҳтарин бонуи ихтироъкор дониста шуд, мегӯяд, агар ихтирооти ӯ дар тиб ба роҳ монда шавад, мушкили беморони ҳассосият дар кишвар аз байн хоҳад рафт.
Ин бонуи донишманд мегӯяд, ду ҷоиза - медали тиллои Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва медали тиллои 12-умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон ба ӯ нерӯи ҳарчи бештари талош барои навовариҳои баъдиро бедор кардааст.
Дар маҷмӯъ, бино ба иттилои Муассисаи давлатии маркази патенту иттилоот, дар кишвар бештар аз 150 зан барои ихтирои худ соҳиби патент шудаанд. Занони тоҷик маъмулан дар соҳаи тиб навоварӣ ва ихтироъ мекардаанд. Бар асоси омори расмии ин муассиса, аз соли 2012 то имрӯз 44 ихтироъи бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногун соҳиби медал ва Грант-при гардид, ки аз онҳо 15-тояш медали тилло будааст.