Ссылки доступа

Модари зиндонии фавтида: Ба заҳролуд шудани писарам бовар надорам (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Осиё: Дар Тоҷикистон ба заҳролудшавии зиндониҳои кушташуда бовар надоранд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба шарҳи мақомот дар бораи аз нони заҳролуд кушта шудани 14 зиндонӣ бовар надоранд. Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон ба бозпурсӣ ҳозир нашуд (видео аз Директ)

- "Ба мо дар бораи Худо, нашъа ва бекорӣ дарс гӯянд". Ҷавонони Душанбе ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфтанд, дар бораи чӣ шунидану фаҳмидан мехоҳанд (видео)

- Истгоҳҳои нави Душанбе ба бархе нафоридаст. Ба гуфтаи масъулон инҳо тибқи нақшаи генералӣ бунёд гардидааст. Сокинон мегӯянд, наздик ба роҳ сохтаанду роҳи пиёдагардонро танг кардаанд (видео)

- Модари зиндонии даргузашта: Ба заҳролуд шудани писарам бовар надорам (видео)

- Федерика Могеринӣ: Мо мушкилиҳову ихтилофотро пинҳон намекунем.Дар остонаи сафари Федерика Могеринӣ ба минтақа ҳомиёни ҳуқуқ аз ӯ хостанд, масъалаи риояти ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказиро бо намоядагони кишварҳои минтақа дар миён гузорад. Ричард Ҷозвияк, хабарнигори Радиои Озодӣ бо Федерика Могеринӣ як гуфтугуи ихтисосӣ анҷом дод (видео)

- Талаби истеъфои Дариға Назарбоева ва боздоштҳо. Дар шаҳри Алматои Қазоқистон кормандони пулис як духтари маъюбро боздошт карданд. Вай дар назди бинои ҳукумати шаҳр истеъфои раиси порлумони Қазоқистон Дариға Назарбоева - духтари Нурсултон Назарбоев, президенти пешини он кишварро талаб мекард. Кормандони пулис ин маъюбро боздошт карданд (видео)

- «Хоби Чингисхон» ва Рӯзи Нурсултон. Намоишгоҳи рассомони қазоқистонӣ (нигористон)

- Охирин ҳавопаймои Русия ба Гурҷистон парвоз кард. Ҳавопаймои Москва-Тифлиси ширати «Аэрофлот» охирин ҳавопаймое буд, ки аз Русия ба Гурҷистон парвоз кард. Сар аз 8 июл барои расидан ба Гурҷистон аз Русия, бояд тавассути кишвари севум сафар кард (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG