Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон нархи нерӯи барқ боло хоҳад рафт (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.​

- Ахбори Озодӣ аз 11-уми июли соли 2019. Дар Тоҷикистон нархи нерӯи барқ боло хоҳад рафт, Маҷлиси Миллӣ аз савол дар бораи мансубияти динӣ дар саршумори аҳолӣ пуштибонӣ кард, бо ваъдаи ҳаёти осуда аз Ҷин шавҳар намуда, ба ғуломи ҷинсӣ табдил ёфтанд ва матолиби дигар. (видео)

- Талаби истеъфои Дариға Назарбоева ва боздоштҳо. Дар шаҳри Алматои Қазоқистон кормандони пулис як духтари маъюбро боздошт карданд. Вай дар назди бинои ҳукумати шаҳр истеъфои раиси порлумони Қазоқистон Дариға Назарбоева - духтари Нурсултон Назарбоев, президенти пешини он кишварро талаб мекард. Кормандони пулис ин маъюбро боздошт карданд (видео)

- Дар Майдони сурхи Москва тоторҳои Қримро боздошт карданд. Ин ҳафт фаъоли маданӣ зидди таъқиби тоторҳои Қрим ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд. (видео)

- Осиё: садама бо иштироки наздикони президенти Қирғизистон. Дар Иссиқкӯли Қирғизистон бо иштироки вакили маҷлиси шаҳри Бишкек ва хеши президенти Қирғизистон садама рух дод. Дар садама 4 кас кушта шуд. Садама бо айби кӣ рух дод - пулис иттилоъ намедиҳад. Оё "шенгени осиёӣ" ташкил мешавад? (видео аз Директ)

- Сӯҳбати сафири Амрико дар бораи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ва ҳуқуқи инсон. Сафири Амрико рӯзи 9-уми июл дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи таъмини ҳуқуқи инсон ва озодии баён ҳамчунин дар авлавияти кораш қарор дорад. Дипломати амрикоӣ ҳамчунин таъкид кард, ки журналистон дар фаъолияти худ озод бошанд ва тавонанд, маълумоти дурустро ба нашр расонанд (видео)

- "Арақ аз сару рӯям мерехт, тоқат накардам". Тобистони деҳаи Шӯроб овони серкорӣ аст. Ҳаво ин рӯзҳо хело гарм аст. Деҳқонон мекӯшанд то чошт, то қиёми рӯз, кори саҳроро ба анҷом расонанд (видео)

- Модари як зиндонӣ мегӯяд, писараш дар роҳи Хуҷанд "гум шудааст".Модари яке маҳбусони тоҷик иддао дорад, фарзандашро аз Хуҷанд ба Душанбе интиқол додаанд ва панҷ рӯз аст ӯро мекобад (видео)

- Мардум аз бӯи бад ба дод омадаанд. Инҷо кӯдакон бозӣ мекунанду паҳлуи он партовгоҳест, ки соат ба соат бузург мешавад (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG