"Ба роҳ мондани гуфтугӯ бо Nestle пешравии бузургест. Гардиши савдои ширкат 290 млрд долларро ташкил медиҳад ва ин ширкат ҳамасола то 14 млрд доллар даромади соф дорад. Масъулони ширкати мазкур эътироф карданд, ки маҳсулоти кишоварзии Қирғизистон босифат аст", - гуфт Тилек Токтоғозиев.
Айни ҳол ҷониби Қирғизистон ҳисобу китоб дорад, ки кишоварзон кадом навъи маҳсулот ва дар кадом ҳаҷмро метавонанд, барои Nestle муҳайё кунанд.
"Мо ҳамасола картошкаи зиёд ба даст меорем, ки бештари он дар дохили кишвар мемонад ё бо нархи арзон мефурӯшем. Аз ин ҳисоб кишоварзон зиён мебинанд. Метавонем, ин маҳсулотро ба Nestle пешниҳод кунем", - гуфт Токтоғозиев.
Дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон бештар аз 400 ҳазор кишоварз фаъолият мекунад.